Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки як зумра роҳбарону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар, хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи II:
Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ – ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Бо медали «Хизмати шоиста»:
Ҷабборзода Ф.А. – ректори Донишкадаи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Шарофзода Ф.Р. – директори Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз;
Ширинзода Н.А. – директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;
Ҷуразода Х.Ҳ. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;
Қурбонзода З.М. – муовини ректор оид ба рушди стратегии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Роҳбарият ва аҳли илму маорифи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамаи мукофотгирандагонро ба муносибати сазовор гардидан ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоянд.
Ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба нафъи давлату миллат комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД!










