ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА ДОНИШГОҲ

4 марти соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Бонки Осиёии Рушд муҳтарам Масато Канда бо роҳнамоии Ҳукумати кишвар ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд бармеояд, дар давоми солҳои ҳамкорӣ Бонк дар татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми назаррас гузошта, барои амалисозии зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 2,9 миллиард доллари ИМА мусоидат намудааст.

Зимни боздид аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Президенти Бонки Осиёии Рушд муҳтарам Масато Канда бо имкониятҳои таълимӣ ва инфрасохтори муосири донишгоҳ шинос гардид. Аз ҷумла, меҳмони олиқадр аз Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонии донишгоҳ дидан намуда, бо фаъолияти ин марказ, ки ба рушди малакаҳои амалӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат равона гардидааст, шинос шуд.

Дар доираи муаррифӣ ба меҳмон имкониятҳои омӯзишӣ, таҷҳизоти муосир ва барномаҳои омӯзишии марказ, ки ба баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбии донишҷӯёну шаҳрвандон мусоидат мекунанд, муаррифӣ гардиданд.

Ректори Донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, дар самти рушди инфрасохтори таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ таъкид намуд.

Ташрифи Президенти Бонки Осиёии Рушд ба донишгоҳ ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои рушди устувор дар соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар