05 марти соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хос ва бо риояи расму ойинҳои миллӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона ректори донишгоҳ, аъзои раёсат, ҳайати меҳмонон, омӯзгорону кормандон, инчунин занону бонувон ва донишҷӯдухтарони ин боргоҳи илму маърифат иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни сухани ифтитоҳӣ тамоми занону бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва сохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғдро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфтанд. Мавсуф таъкид намуданд, ки Модар мазҳари муҳаббат, меҳру вафо, сабру таҳаммул ва чароғи равшани ҳар як хонадони тоҷик мебошад. Бо шири поку дуои неки модарон фарзандон роҳи саодатро меёбанд ва ҷомеа бо ҳузури онҳо ободу шукуфон мегардад.
Зикр гардид, ки дар роҳи илму маърифат, тарбияи насли наврас ва рушди Ватани азиз нақши модарон беназир аст. Бо дарназардошти мақому манзалати баланд ва саҳми арзишманди занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, Ҳукумати мамлакат масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳамеша дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Модар чароғи хонадон, офтоби бахту саодати фарзандон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат дар ҷомеа мебошад. Дастгирии модарону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ин қишри муҳими ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат ба шумор меравад».
Ректори донишгоҳ бо ифтихор изҳор доштанд, ки теъдоди занон дар ҳайати роҳбарикунанда, омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Бонувони соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ бо дониш, таҷриба ва маҳорати баланди касбӣ дар пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо дар баробари рушди донишгоҳ, инчунин дар пешрафти илму маорифи кишвар ва тарбияи мутахассисони баландихтисос нақши муассир доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки сафи донишҷӯдухтарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пайваста меафзояд. Онҳо бо заковати баланд, талошу ҷидду ҷаҳди пайгирона ва иродаи қавӣ ба насли ояндасози миллат табдил ёфта, дар арсаҳои гуногуни илм ва касбу ҳунар намунаи ибрат мебошанд. Роҳбарияти донишгоҳ комёбиҳои онҳоро нишонаи рушди муассиса ва ҷомеаи илмиву фарҳангии кишвар арзёбӣ намуд.
Дар идома, собиқадори меҳнат ва фаъолзани ҷомеа Рафиқа Мусоева суханронӣ намуда, занону модаронро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфт. Номбурда зимни баромади худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста, таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои ҳамешагӣ нисбат ба занону модарон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, барои фаъолияти пурсамари занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар фарҷоми қисми расмӣ як қатор кормандону омӯзгорони фаъоли донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувон бо Сипоснома ва кумакҳои молиявии яквақтаина қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони мумтози кишвар ва барномаҳои рангини донишҷӯён идома ёфта, табъи ҳозиринро болида гардонид ва ба ҳамоиш фазои идонаву саршори эҳтирому самимият бахшид.



























































