10 марти соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо Дмитрий Викторович Султанов – мушовири ширкати илмию ноширии байналмилалии Elsevier (Нидерландия) дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши дастрасии муҳаққиқону омӯзгорон ба пойгоҳҳои муосири иттилоотию илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ муҳокима гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни суҳбат иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии илм ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тақвияти ҳамкориҳо бо марказҳои бонуфузи илмӣ ва ноширии байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии донишгоҳ аҳаммияти махсус дорад.
Султанов Дмитрий Викторович – мушовири ширкати илмию ноширии Elsevier (Нидерландия), нахуст бақайдгирии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ҳамчун аввалин донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи байналмилалии иттилоотию таҳлилии Scopus ба роҳбарияти Донишгоҳ табрик гуфт.
Ҳамчунин зимни суханронии худ Султанов Д.В. оид ба пойгоҳи байналмилалии иттилоотию таҳлилии Scopus ва имкониятҳои он, меъёрҳои асосии иштироки муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар раддабандиҳои байналмилалӣ, аз қабили QS ва THE, тартиби шомилгардонии нашрияҳои илмӣ ба пойгоҳи байналмилалии иттилоотию таҳлилии Scopus ва дигар масъалаҳои марбут ба нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аҳамияти онҳо маълумот дод.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии илмии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ иброз намуданд.












