ФАКУЛТЕТИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИҚТИСОДИ САБЗ

 МАЪЛУМОТИ УМУМИ ОИД БА ФАКУЛТЕТИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИҚТИСОДИ САБЗ

Факултети рушди устувор ва иқтисоди сабз яке аз воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, дар заминаи факултети гуманитарию педагогӣ тибқи тағйирот ба сохтори донишгоҳ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 таҳти №100 тасдиқ гардидааст, таъсис дода шудааст.

Фаъолияти факултет ба омодасозии мутахассисони баландихтисос, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати миллӣ ва байналмилалӣ равона гардида, татбиқи равишҳои муосири таълим, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва тарбияи мутахассисони дорои ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги экологӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст.

Айни замон, дар сохтори факултет кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология фаъолият намуда, таълим ва таҳқиқоти илмиро дар самтҳои рушди устувор, иқтисоди сабз, география, экология, биология, идоракунии муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ амалӣ менамояд.

Мақсади асосии фаъолияти факултет омода намудани мутахассисони соҳибкасбе мебошад, ки дорои донишҳои муосири илмӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва қобилияти таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои табиӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Айни замон дар факултет аз рӯи 18 ихтисос омодасозии мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шудааст:

  1. 1-02 04 01 – Биология;
  2. 1-02 04 02 – География;
  3. 1-02 04 05-01 – География. Биология;
  4. 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт
  5. 1-02 04 05-04 – География. Ҳифзи табиат;
  6. 1-02 04 05-05 – География. Яхшиносӣ;
  7. 1-02 04 05-06 – География. Иқлимшиносӣ;
  8. 1-02 04 05-07 – География. Хариташиносӣ;
  9. 1-23 01 01 06 – Дипломатияи сабз;
  10. 1-24 01 01 07 – Ҳуқуқи байналмилалии экологӣ;
  11. 1-25 01 07 34 – Иқтисодиёти сабз;
  12. 1-25 01 07 35 – Иқтисоди даврӣ ва истеҳсолоти бепартов;
  13. 1-25 01 07 36 – Рушди устувор ва иқтисоди сабз;
  14. 1-25 01 07 37 – Кишоварзии устувор;
  15. 1-26 02 02 05 – Менеҷменти экологӣ;
  16. 1-26 02 02 17 – Менеҷменти рушди устувор;
  17. 1-33 01 01 01 – Экологияи умумӣ;
  18. 11-33 01 06 – Экологияи кишоварзӣ.

Ин ихтисосҳо тамоми самтҳои афзалиятноки рушди устувор, иқтисоди сабз, география, экология, биология, дипломатияи экологӣ, ҳуқуқи байналмилалии экологӣ, менеҷменти экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро фаро гирифта, ба омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти муосир мусоидат менамоянд.

Фаъолияти таълимии факултет дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ, талаботи бозори меҳнат ва тамоюлҳои ҷаҳонии рушди устувор ташкил карда мешавад. Дар ҷараёни таълим технологияҳои муосири педагогӣ, усулҳои интерактивии омӯзиш, воситаҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ васеъ истифода гардида, диққати асосӣ ба ташаккули донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва қобилияти таҳлилу қабули қарорҳои касбӣ равона карда мешавад.

Барномаҳои таълимӣ масъалаҳои иқтисоди сабз, иқтисоди даврӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, география, экология, биология, дипломатияи сабз, ҳуқуқи байналмилалии экологӣ ва идоракунии захираҳои табииро дар бар гирифта, донишҷӯёнро барои фаъолияти касбӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои истеҳсолӣ ва бахши хусусӣ омода менамоянд.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии факултет яке аз самтҳои афзалиятноки рушди он ба ҳисоб рафта, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва экологии кишвар равона гардидааст.

Самти асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултет дар доираи мавзӯи «Ҷанбаҳои иқтисодӣ-географии рушди соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави иқтисодӣ» амалӣ карда мешавад. Дар доираи ин мавзӯъ масъалаҳои рушди ҳудудӣ ва соҳавии иқтисодиёт, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди устувор, иқтисоди сабз, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва такмили сиёсати экологию иқтисодӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.

Омӯзгорону муҳаққиқони факултет дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои мақолаҳо интишор менамоянд. Ҳамзамон ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ ва рушди фаъолияти инноватсионӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти факултет мебошад.

Факултет барои густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самтҳои рушди устувор, иқтисоди сабз, экология ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд.

Дар доираи сиёсати байналмилалии донишгоҳ омӯзгорон ва донишҷӯён дар конференсияҳо, форумҳои илмӣ, семинарҳо, барномаҳои табодули академӣ ва лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи тахассуси худро мунтазам баланд мебардоранд.

Фаъолияти тарбиявии факултет ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта, ватандӯст, дорои ҷаҳонбинии илмӣ, маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги экологӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ равона гардидааст.

Дар факултет мунтазам конференсияҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо олимону мутахассисон, озмунҳои илмӣ, аксияҳои экологӣ, маъракаҳои ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардида, донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ ҷалб карда мешаванд.

Факултет дар баробари омодасозии мутахассисони соҳибкасб, ба ташаккули фарҳанги баланди экологӣ, тафаккури инноватсионӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.