Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштироки фаъолона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Иштироки фаъол ва ғолибияти донишҷӯён дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти донишгоҳ ба рушди маънавиёт, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии илмии ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи суннатҳои неки китобдӯстӣ, рушди тафаккури эҷодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ баргузор мегардад.
Роҳбарияти Донишгоҳ ғолибонро барои иштироки фаъол ва ба даст овардани натиҷаҳои арзанда табрик намуда, ба онҳо дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои бештар орзу намуд.



















