Дар доираи таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои ҳайати расмии шаҳри Санкт-Петербург 22 майи соли 2026 хатсайри сайёҳӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Ба ҳайати меҳмонон муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург Нана Гвичия ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд, ки бо сафари корӣ дар пойтахти мамлакат қарор доранд.
Меҳмононро дар ҷараёни ин боздид мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳайати расмӣ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки ҳамчун пойгоҳи асосии моддию техникии омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии кишвар маҳсуб меёбад, боздид ба амал овард.
Дар Донишгоҳ ҳайати меҳмононро роҳбарияти донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрии судманд масъулини донишгоҳ меҳмононро бо имкониятҳои васеи таълимӣ, технологияҳои муосири омӯзишӣ ва барномаҳои муштараки омодасозии мутахассисони баландпояи соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ шинос намуданд.
Ҳайати меҳмонон аз пойгоҳи моддию техникӣ, синфхонаҳои махсусгардонидашуда ва марказҳои таълимию амалии донишгоҳ дидан карда, ба шароити муҳайёгардида ва сатҳи омодасозии кадрҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи академиро дар самти сайёҳӣ ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор доданд. Чунин ташрифи ҳайатҳои расмӣ ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ барои муаррифии арзандаи имкониятҳои сайёҳии Душанбе, таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои судманд байни шаҳрҳои бародар ва муассисаҳои илмию таълимии онҳо мусоидати фаъол менамояд.
























