23 майи соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ифтитоҳи VI-умин Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои математика, химия, биология, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва география барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Қувватзода Сайдулло Зувайд, роҳбарияти донишгоҳ, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҳайати омӯзгорону коршиносон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии саййёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии хеш қайд намуданд, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд намуда, барои ҷавонон ҷиҳати омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки олимпиада дар фазои рақобати солим баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯи фанҳои математика, химия, биология, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва география байни ҳам сабқат менамоянд. Ғолибон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, соҳиби «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи фаннии мазкур дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷамъбаст карда мешавад.
Ҳадафи асосии олимпиада таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти эҷодиву таҳлилӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, инчунин саҳмгузорӣ дар амалисозии Барномаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.





































