ФОРУМИ САТҲИ БАЛАНД ДАР МАВЗУИ ТАЪМИНИ НИЗОМҲОИ УСТУВОРИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

25 майи соли 2026 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони “Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим” Форуми сатҳи баланд дар мавзӯи “Таъмини низомҳои устувори озуқаворӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонии захираҳои об” баргузор гардид.

Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Сафарзода Анвар, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Тшилидзи Марвала, ректори Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ профессор Каве Маданӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, олимону муҳаққиқон ва профессорони соҳаи иқтисодиёт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Форумро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз бахшида, иброз намуданд, ки масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об ва таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти масъалаҳои обу иқлим ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои созандаро роҳандозӣ намуда, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт саҳми назаррас мегузорад.

Зимни баромади худ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ Паёми шодбошии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорони форум расонида, аз ҳамкориҳои густардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, иқлим ва рушди устувор ёдовар шуданд.

Мавсуф таъкид намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои об ҷомеаи ҷаҳониро ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави идоракунии самараноки захираҳои табиӣ водор сохта, зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳоро бештар менамояд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.

Дар идомаи форум ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Тшилидзи Марвала зимни суханронии худ аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим ҳамчун иқдомҳои ибратбахш ва дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.

Қайд гардид, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, барои муттаҳид намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар рафти форум масъалаҳои марбут ба таъмини низомҳои устувори озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён доир ба татбиқи технологияҳои муосир ва рушди иқтисоди “сабз” табодули афкор намуданд.

Дар анҷоми форум таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, густариши муколамаи байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами обу иқлим аҳаммияти муҳим дорад.

Comments are closed.