ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИАЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШГОҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

25 майи соли 2026 дар доираи Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони “Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим” байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шартномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Тафоҳумномаи мазкур дар фазои тантанавӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва ректори Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид профессор Каве Маданӣ ба имзо расонида шуда, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илм, маориф, экология, идоракунии захираҳои об ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни маросими имзои санад ҷонибҳо иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Тибқи муқаррароти тафоҳумномаи мазкур ҷонибҳо метавонанд ҳамкориҳоро дар самтҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, баргузор намудани конференсияву форумҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об, инчунин роҳандозии курсҳои такмили ихтисос ва барномаҳои инноватсионӣ ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имзои чунин санади муҳим ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди иқтидори илмӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир дар самти омӯзиши масъалаҳои об, иқлим ва муҳити зист имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи самараноки бандҳои тафоҳумнома ва густариши ҳамкориҳои судманд дар оянда изҳор намуданд.

Comments are closed.