Нимаи дуюми рӯзи 25 майи соли 2026 кори Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони «Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» дар фазои илмӣ ва мубодилаи афкори созанда дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома ёфт.
Дар бахшҳои алоҳидаи форуми мазкур профессорону олимон ва донишмандони варзидаи дохиливу хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами идоракунии самараноки захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, истифодаи технологияҳои муосир дар ҳифзи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувори иқтисоди “сабз” ибрози андеша намуданд.
Зимни муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ мубаддал гардида, тақозо менамояд, ки давлатҳо ва муассисаҳои илмӣ дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷриба ҳамкориҳои худро густариш диҳанд.
Ҳамзамон, коршиносон ва донишмандони хориҷӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим баланд арзёбӣ намуда, аз иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об ва рушди устувор ёдовар шуданд.
Дар идомаи кори форум иштирокчиён пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои навин барои ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои об манзур намуданд.































