Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки тибқи барномаи табодули академӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026 дар Донишгоҳи Ситии Малайзия таҳсил менамоянд, дар чорабинии бошукӯҳи бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо на танҳо муаррифгари фарҳанги бойи миллӣ, балки нишондиҳандаи сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Онҳо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ анъанаҳои миллиро тарғиб намуда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол 11 нафар донишҷӯёни муассиса тибқи шартномаи табодули академӣ, ки миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия ба имзо расидааст, таҳсил намуда истодаанд.
Дар баробари ин, дар ин давра ду нафар аз кормандони донишгоҳ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия такмили касб намуда истодаанд.
Чунин ташаббусҳо барои густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хоса доранд.













