БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

10 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор сурат гирифта, дар кори он муовини аввал, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳои таълимӣ ва илмӣ, аз ҷумла ректорони донишкадаҳо, Академияи сайёҳӣ, директорони институтҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, инчунин директорони коллеҷҳо ва литсейҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва волонтёрон фаъолона иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба ташкил ва баргузории сатҳи баланди Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки рӯзҳои 14-18 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои омодагии инфрасохтор, таъмини сатҳи баланди ташкилию хизматрасонӣ, барномаи чорабиниҳо, қабули меҳмонони хориҷӣ ва ҷалби иштирокчиён муҳокима гардиданд.

Қайд гардид, ки айни замон Донишгоҳ барои баргузории Форуми мазкур пурра омода буда, тамоми тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он андешида шудаанд. Ҳамзамон, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд, то ки ҳар як бахши омодагӣ бо масъулияти баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда иҷро гардад.

Интизор меравад, ки Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ба як майдони муҳими табодули таҷриба, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкории кишвар табдил ёбад.

Comments are closed.