Шаби 12 ба 13 апрели соли 2026 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Лаҳистон, Индонезия ва Покистон ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмонони воломақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо самимияти хос ва эҳтироми баланд истиқбол гирифтанд. Зимни маросими пешвозгирӣ ба меҳмонон оид ба барномаи форум, ҷараёни баргузории чорабиниҳо ва имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зикр гардид, ки иштироки ректорони донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ дар Форуми байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва рушди равобити илмӣ-академӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.














