Дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии таълимӣ ва ҷалби коршиносони хориҷӣ, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон раванди машғулиятҳои таълимии профессори яке аз Донишгоҳҳои Олмон Барбара Лахгайн оғоз гардид.
Дарсҳои профессор Лахгайн махсус барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 25010402 – «Кори бонкӣ» тарҳрезӣ шудаанд. Барномаи таълимӣ мавзуъҳои калидии муосир, аз ҷумла идоракунии хавфҳои бонкӣ, молияи байналмилалӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкиро дар бар мегирад.










