16 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми тиҷоратии «Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ» баргузор гардид.
Дар кори форум ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирок намуда, доир ба нақши илм ва маориф дар рушди соҳибкории инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлату бахши хусусӣ ибрози андеша намуданд.
Дар кори ҳамоиш инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, бахши бонкӣ, доираҳои илмӣ, шарикони хориҷӣ ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, муҳити илмӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои муассири рушди устувори соҳибкорӣ арзёбӣ гардид.


























