16 апрели соли 2026 дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ» баргузор гардид.
Конфронси мазкур дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» ҷараён гирифта, намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаро ба ҳам овард.
Дар кори конфронс ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирок намуда, суханронӣ кард.
Зимни баромади худ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба масъалаҳои мубрами таъмини заминаҳои ҳуқуқии рушди устувор дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва густариши зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқӣ барои танзими равандҳои рақамӣ ва истифодаи босамари технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, шарти муҳими таъмини рушди устувор ба шумор меравад.
Ҳамзамон, мавсуф ба зарурати мутобиқсозии қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ишора намуда, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмиро дар таҳияи заминаҳои илмӣ-назариявӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии инноватсионӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолона иқдом менамояд.





















