ДАР ДОНИШГОҲ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии дохилӣ ва хориҷӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart» доир гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди донишҳои назариявию амалӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон равона карда шуд.

Дар Олимпиада иштирокчиён аз рӯи як қатор фанҳо, аз ҷумла назарияи иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, забони англисӣ, сайёҳии байналмилалӣ, амнияти молиявӣ ва барномасозӣ қувваозмоӣ намуда, донишу малака ва тафаккури эҷодии худро нишон доданд. Раванди баргузории озмун дар фазои шаффоф ва рақобати солим сурат гирифта, сатҳи баланди омодагии иштирокчиёнро бозгӯ намуд.

Баргузории чунин олимпиадаҳо дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни донишгоҳҳо аҳамияти муҳим дошта, заминаи мусоидро барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир фароҳам меорад.

Comments are closed.