Дар Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 17 апрели соли 2026 конференсияи илмию амалии байналмилалии «Рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисод» дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» кори худро оғоз намуд.
Кори конференсияро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода ифтитоҳ намуд.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Данғара кулли иштирокдорони конфронсро ба ноҳияи зебоманзару меҳмоннавози Данғара хайрамақдам намуд.
Дар кори конференсияи байналмилалии мазкур олимону муҳаққиқон аз Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, Покистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Латвия, Малайзия ва кишварҳои дигар бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Аз ҷониби маърӯзачиён иброз гардид: “Дар шароити муосири рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, ки бо таҳаввулоти амиқ ва рақобати шадид тавсиф мегардад, масъалаи рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар аҳаммияти хосса касб менамояд”.
Татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми стратегӣ ба ҳисоб мераванд.
Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, рушди устувори истеҳсолот бидуни истифодаи самараноки захираҳо, ҷорӣ намудани инноватсия ва рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ғайриимкон аст.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин конференсияҳои сатҳи баланд фазои мусоиди табодули таҷрибаро фароҳам оварда, имконият медиҳад, ки роҳҳои мутобиқшавии истеҳсолоти ватанӣ ба талаботи иқтисоди муосир мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гиранд. Умед дорем, ки натиҷаҳои муҳокимаҳои конфронс барои таҳкими сиёсати саноатии кишвар ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.






















