ХУҶАНД – МЕҲВАРИ МУБОҲИСАҲОИ ИЛМИИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо ибтикори раёсати Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии “Суғдиён” конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон ва коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.

Ин чорабинии сатҳи баланд дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» доир шуда, тавсеаи фазои ҳамкориҳои илмӣ ва рушди неруи зеҳнии соҳаро ҳадаф қарор дод.

​Кори конфронси байналмилалиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода оғоз намуда, иштирокдоронро ба конфронси илмию амалии байналмилалӣ хайрамақдам гуфт.

Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо суръати баланди рақамикунонӣ ва афзоиши проблемаҳои экологӣ тавсиф меёбад, рушди устувори сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ табдил ёфтааст.

​Дар раванди конфронс олимон, муҳаққиқон ва коршиносон масъалаҳои муҳимми соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳими иқтисоди миллӣ эътироф шуда, барои ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтор тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди босамари сайёҳӣ бе татбиқи технологияҳои рақамӣ ва риояи меъёрҳои экологӣ ғайриимкон аст.

​Иштирокдорони конференсия иброз доштанд, ки истифодаи стандартҳои «сайёҳии сабз» ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ омили асосии таъмини рушди устувор мебошад.

Comments are closed.