Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart», мулоқоти судманд миёни ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода ва Ректори Донишгоҳи Ситии Малайзия (VC) профессор Роснизаҳ Шаари баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод самтҳои калидии рушди ҳамкориҳои академиро мавриди баррасии амиқ қарор додаанд.
Зимни вохӯрӣ чунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд: табодули байналмилалии донишҷӯён; такмили ихтисос ва рушди касбии омӯзгорон; роҳандозии барномаҳои таҳсили дудиплома; ҷалби профессорону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ; рушди таҳқиқоти муштарак ва лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Ёдовар мешавем, ки тӯли ду моҳи охир 2 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, 11 нафар донишҷӯён тибқи барномаи табодули академӣ таҳсил намуда истодаанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки густариши чунин ҳамкориҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақобатпазирии хатмкунандагон ва таҳкими мавқеи донишгоҳҳо дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ мусоидат менамояд.
Мулоқоти мазкур ҳамчун қадами муҳим дар роҳи бунёди шарикии устувор ва татбиқи ғояҳои созанда арзёбӣ гардида, уфуқҳои навро барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ боз мекунад.













