Санаи 13 майи соли 2026 дар Донишгоҳ бо дастгирии раёсат ва ташаббуси Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия-TIKA ва Агентии байналмилалии ҳамкории Корея-KOIKA машғулиятҳои амалии омӯзишии “Равишҳои муосир дар таҳсилоти сайёҳӣ” барои омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ дар самти сайёҳӣ шуруъ гардиданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ роҳбарият, и.в ректори Академияи сайёҳӣ Қодирзода Ф.С., директори Дафтари Агентии байналмилалии ҳамкории Корея-KOIKA дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Синг Хон (Исмоил), муовини директори Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия-TIKA хонум Оксана Ҷошкон, намояндаи Агентии байналмилалии ҳамкории Корея-KOIKA, профессор Пак Донг-су ва намояндагони дигари Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия-TIKA иштирок намуданд.
Қодирзода Ф.С., и.в. ректори Академия бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ, махсусан аз номи ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода хайрамақдам намуд. Номбурда иброз дошт, ки барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардидани чунин барномаи омӯзишӣ бо иштироки шарикони байналмилалӣ воқеан рӯйдоди муҳим ва арзишманд маҳсуб меёбад. Зеро имрӯз рушди соҳаи сайёҳӣ танҳо бо мавҷуд будани захираҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маҳдуд нагардида, асоси пешрафти воқеии ин соҳа — кадрҳои босалоҳият, омӯзгорони навовар, мутахассисони рақобатпазир ва низоми муосири таҳсилоти сайёҳӣ буда метавонад.
Боиси ифтихор аст, ки барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ устодон ва мутахассисон аз Ҷумҳурии Туркия ба Донишгоҳ ташриф овардаанд. Боварӣ дорем, ки таҷрибаи онҳо барои устодон, донишҷӯён ва мутахассисони мо хеле судманд хоҳад буд. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои баргузории ин барномаи омӯзишӣ тамоми шароит ва имкониятҳои заруриро омода намудааст. Синфхонаҳо, фазои таълимӣ, имкониятҳои техникӣ ва заминаи ташкилии зарурӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ фароҳам оварда шудаанд.
Имрӯз мо хуб дарк мекунем, ки таҳсилоти сайёҳӣ бояд ба талаботи бозори меҳнат наздик бошад. Донишҷӯ бояд на танҳо назарияро омӯзад, балки малакаи хизматрасонӣ, муоширати касбӣ, ташкили маҳсулоти сайёҳӣ, идоракунии меҳмонхона, фарҳанги гастрономӣ ва стандартҳои байналмилалии меҳмондориро низ аз худ намояд. Бе чунин равиш мо наметавонем мутахассисони воқеан рақобатпазир омода кунем.
Дар ин самт таҷрибаи кишварҳои Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ барои мо бисёр арзишманд мебошад. Туркия яке аз кишварҳои пешрафта дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва гастрономия ба шумор меравад. Кореяи Ҷанубӣ бошад, бо таҷрибаи муосири худ дар самти технология, хизматрасонӣ, менеҷмент ва рушди захираҳои инсонӣ намунаи хуби омӯзиш мебошад. Омезиши ин таҷрибаҳо барои Тоҷикистон метавонад роҳҳои нави рушди таҳсилоти сайёҳиро боз намояд.
Дар идома, директори Дафтари Агентии байналмилалии ҳамкории Корея-KOIKA дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Синг Хон (Исмоил), муовини директори Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия-TIKA хонум Оксана Ҷошкон, намояндаи Агентии байналмилалии ҳамкории Корея-KOIKA, профессор Пак Донг-су ва намояндагони дигари Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия-TIKA ба сухан баромада, аз шароитҳои барои баргузории машғулиятҳо фароҳамсохтаи роҳбарияти донишгоҳ изҳори хушнудӣ ва ба кори чорабинии сатҳи байналмилалӣ муваффақият таманно намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки машғулиятҳо тӯли панҷ рӯз идома ёфта, дар ниҳоят шунавандагон соҳиби сертификат хоҳанд гардид



















