Имрӯз санаи 15-май дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ – тарбиявӣ зери унвони “Оилаи солим – асоси пойдории давлат ва ҷомеа” баргузор гардид.
Ҳамоишро раиси шӯрои кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ Зарипова Гулниссо оғоз карда, қайд намуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд. Қайд гардид, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст.
Сипас, собиқадори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири раёсати таълими Донишгоҳ Қурбонова Руқия Атоевна баромад намуда, иброз намуд, ки оила давлати хурде мебошад, ки қонуну қоидаҳои худро дорад. Дар ҳамин макон агар фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбад, ба халқу ватани хеш содиқона хизмат менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Дар ҷараёни ҳамоиш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азимзода Дилноза дар бораи арзишҳои оилавӣ, зарурияти таҳсили занону духтарон ва пешгирии никоҳҳои бармаҳал, ҳуқуқи кӯдакон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати оилаи солим давлат қавӣ гаштаву таррақӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ ба чашм мерасад.
Дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳ Илчибекова Маҳина баромад намуда, иброз намуд, ки маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбаду муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубониро меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Маҳз бо шарофати оила давлат қавӣ гашта, тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо ба пешрафти мамлакат вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳо гузошта мешавад, қайд намуд муаллима.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба 3 оилаи намунавии Донишгоҳ бахшида Рӯзи байналмилалии оила ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ тақдим карда шуданд.
Дар фарҷом барои болидахотирии меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш, аз ҷониби бахши фарҳанги Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ бо рақсу сурудҳои дилнишин пешниҳод гардид.




























