2 июни соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари машваратии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рисолаҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии худ мавсуф таъкид намуд, ки рушди илм, таҳкими фарҳанги таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи семинар раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин оид ба сиёсати давлатӣ дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, талаботи муосир нисбат ба рисолаҳои диссертатсионӣ, инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ маърӯзаи муфассал ироа намуд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятии Комиссияи олии аттестатсионӣ Каримзода Мавзуна Асламҷон масъалаҳои марбут ба тартиби омода намудани рисолаҳои диссертатсионӣ, риояи талаботи меъёрӣ ва пешгирии камбудиҳои маъмул ҳангоми пешниҳоди корҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар қисми дигари семинар мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ Шарифзода Дурандеш Алишер доир ба талабот нисбат ба маҷаллаҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ, масъалаҳои индексатсия, риояи меъёрҳои ахлоқи нашриявӣ ва густариши фаъолияти маҷаллаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуд.
Дар кори семинар роҳбарони сохторҳои илмӣ, деканон, мудирони кафедраҳо, аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ, муҳаққиқон, унвонҷӯён, докторантон (PhD) ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами фаъолияти илмӣ бо намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Семинари мазкур дар фазои созанда баргузор гардида, барои такмили фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сифати рисолаҳои диссертатсионӣ ва рушди нашрияҳои илмӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.


































