Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Россотрудничество курси такмили ихтисос аз фанни забони русӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи фанни забони русӣ сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Давлатзода Насим Давлат, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ» Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ва роҳбари Маркази таҳсилоти кушод ба забони русӣ ва омӯзиши забони русӣ Марина Сергеевна Неболсина суханронӣ намуда, курсро ҳусни оғоз бахшиданд.
Зимни суханрониҳои худ онҳо ба аҳаммияти омӯзиши забони русӣ дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ, тақвияти дониш ва малакаҳои касбии омӯзгорон, инчунин нақши курсҳои такмили ихтисос дар баланд бардоштани сифати таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дониш ва малакаҳои дар раванди курс бадастомада метавонанд дар фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорон самаранок истифода гардида, барои баланд бардоштани сатҳи касбият, такмили маҳорати педагогӣ ва беҳтар намудани сифати раванди таълим мусоидат намоянд.














