29-уми майи соли 2026 ҷаласаи маҷозии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва масъулини гузаронидани рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои устувор (UI GreenMetric Sustainable University Rankings) аз Донишгоҳи Индонезия баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, профессор Фарҳод Шарофзода ва роҳбари UI GreenMetric доктор Вишну Джувоно баромад намуда, аҳамияти калидии иштироки донишгоҳро дар UI GreenMetric Sustainable University Rankings ҳамчун воситаи муҳими арзёбӣ ва пешбурди рушди устувори донишгоҳ таъкид намудfyl.
Дар ҷаласа бо таҳлили дурнамои иштироки ДБССТ дар UI GreenMetric Sustainable University Rankings 2026, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, профессор Зулфия Қурбонзода суханронӣ намуд. Таваҷҷуҳи махсус ба самтҳои асосии иштироки донишгоҳ дар рейтинг, аз ҷумла рушди инфрасохтори устувори донишгоҳ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои масъулияти экологӣ, такмили низоми идоракунии партовҳо, рушди нақлиёти сабз, инчунин таҳкими фаъолияти таълимӣ ва илмӣ дар самти рушди устувор зоҳир карда шуд. Ҳамчунин аҳамияти меъёри нави «Идоракунӣ ва рақамикунонӣ» (Governance and Digitalization) таъкид гардид, ки барои такмили идоракунии институтсионалӣ, гузариши рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти донишгоҳ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Ҷанбаҳои асосии иштирок дар UI GreenMetric Sustainable University Rankings дар соли 2026 дар баромадҳои роҳбари UI GreenMetric доктор Вишну Джувоно, муовини роҳбари UI GreenMetric доктор Абеллия Ангги Вардани ва ҳамоҳангсози барномаҳои иттилоотӣ ва шарикӣ дар UI GreenMetric доктор Чандра Вуландари муаррифӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2025 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ буд, ки дар ин рейтинг иштирок намуд. Ҳамчунин дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд” рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Индонезия дар шаҳри Душанбе Саммити байналмилалии ректорони донишгоҳҳои устувор баргузор гардид.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ мавқеи худро дар самти рушди устувор таҳким бахшида, ташаббусҳои байналмилалиро ҷиҳати ташаккули муҳити таълимии экологӣ, устувор ва инноватсионӣ фаъолона дастгирӣ роҳандозӣ хоҳад кард.




















