Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, раиси Шурои муассисони Донишкадаи дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни сафари корӣ меҳмонро ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун нахустин донишгоҳи байналмилалии кишвар ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, дипломатияи илмӣ ва фарҳангӣ, таҳкими муколамаи тамаддунҳо ва густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ диққати махсус зоҳир менамояд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои дипломатияи фарҳангӣ, дипломатияи “сабз”, рушди муколамаи байнифарҳангӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳои байналмилалӣ, инчунин роҳандозии ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, имкониятҳои таъсиси платформаҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ, баргузор намудани форумҳо, конфронсҳо, мактабҳои тобистона ва чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки коршиносону муҳаққиқони ду ҷониб муҳокима гардиданд.
Раиси Шурои муассисони Донишкадаи дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ дар самти байналмилаликунонии таҳсилот, рушди инфрасохтори муосир ва ташаббусҳои байналмилалии он баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҳияи санадҳои ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои маориф, илм, фарҳанг ва дипломатияи байналмилалӣ таъкид намуданд. Ҳамчунин, барои меҳмон шиносоӣ аз инфрасохтори таълимӣ ва илмии донишгоҳ ташкил гардида, ӯ аз синфхонаҳои муосир, марказҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар имкониятҳои донишгоҳ боздид ба амал овард.


















