ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДБССТ ДАР БАРНОМАИ “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ”

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) дар барномаи маърифатии “Дунё пур аз ҷавонист”-и Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” иштирок намуданд. Дар рафти барномаи телевизионӣ мавзуъҳои муҳимми марбут ба рушди илми ватанӣ, дастовардҳои ҷавонон ва дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар ва донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқ қарор гирифтанд. Устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ зимни суҳбат нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва рушди илми ватанӣ беназир арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар илмро ба яке аз самтҳои стратегии рушди ҷомеа табдил додааст. Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва таъсиси ҷоизаҳои махсус барои олимони ҷавон инқилоби фикриву илмиро дар миёни насли ҷавон ба вуҷуд овард. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони соҳибмаърифат ва таҳқиқотгар аст.

Ҳамзамон, роҷеъ ба дастовардҳои илмии ҷавонон (дар мисоли ДБССТ) баррасиҳо сурат гирифтанд.

Сатҳи байналмилалии донишгоҳ имкон додааст, ки ҷавонон ба дастовардҳои зиёд ноил гарданд. Аз ҷумла, ихтироот ва инноватсия. Донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳ дар самти технологияҳои муосири сайёҳӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва соҳибкории сабз лоиҳаҳои беҳтарини илмиро пешниҳод намуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ (ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм — фурӯғи маърифат”) соҳиби ҷойҳои намоён гардидани. Мақолаҳои илмии донишҷӯёну устодони ҷавон дар заминаҳои илмии байналмилалии муътамад ба чоп расида, онҳо дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро бо сарбаландӣ муаррифӣ мекунанд.

Барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди илмӣ, Раёсат ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шароити мусоиди муосирро фароҳам овардааст. Гуфта шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ сиёсати дастгирии ҳамаҷонибаи олимони ҷавонро пеш гирифтааст, то ҳеҷ як идеяи ҷавони боистеъдод берун аз таваҷҷуҳ намонад.

Дар барнома баъзе аз имкониятҳои калидӣ, ки аз ҷониби раёсат пешбинӣ шудаанд, номбар гардиданд. Хоса, фароҳам овардани лабораторияҳои муосир ва марказҳои машваратӣ барои амалӣ намудани ғояҳои стартапӣ, ҳавасмандии молиявӣ, фиристодани олимони ҷавон ба донишгоҳҳои шарики хориҷӣ дар Аврупо ва Осиё ҷиҳати табодули таҷриба ва такмили ихтисос ва ғайра.

Барномаи “Дунё пур аз ҷавонист” бори дигар собит намуд, ки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи таълим, балки дар ҷодаи илму амал низ пешсаф буда, барои шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон, содиқона хизмат мекунанд.

Барнома ҳафтаи оянда, шоми ҷумъа, 5 июн, соати 19.00 рӯйи эфир хоҳад буд.

Comments are closed.