КОНВЕНСИЯИ РАМСАР ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН

28 майи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва иштироки Котиби генералии Конвенсияи Рамсар доктор Мусонда Мумба вобаста ба масъалаи об ва болтлоқзорҳои аҳамияи байналмилалидошта нишасти илмӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии зикршуда устодону кормандони донишгоҳ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи он фаъолона ширкат варзиданд.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба рушди стратегии донишгоҳ профессор Зулфия Қурбонзода оғоз гардида, аввалан дар бораи Конвенсияи Рамсар ва ҳадафу ҷанбаҳои қабули он ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумоти мухтассар пешниҳод гардид.

Баъдан сухан ба доктор Мусонда Мумба дода шуд, ки ӯ бо пешниҳоди маводҳои қобили таваҷҷуҳ тавассути руйнамоӣ диққати ҳозиринро ҷалб намуд. Дар рафти суханронии коршинос қайд гардид, ки Конвенсия 2-юми феврали соли 1971 дар шаҳри Рамсари Эрон ба имзо расида, аз соли 1975 мавриди амал қарор гирифтааст ва ҳамасола 2-юми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ботлоқзорҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санад – ҳифз ва истифодаи оқилонаи ботлоқзорҳо, ҳудудҳои обиву ботлоқӣ ва захираҳои онҳо тавассути амалҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, хусусан ботлоқзорҳое, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд ба рӯйхати махсус ворид гардида, айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 2,400 чунин маконҳо мавҷуд аст.

Ҳамчунин, дар рафти нишаст коршиноси байналмилалӣ аз таҷрибаҳои худ дар раванди корҳои озмоишиву таҳқиқотӣ ва доираи сафарҳои кориаш ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон вобаста ба омӯзиши обу ботлоқзорҳои аҳамияи байналмилалидошта суханронӣ намуда, тавсияҳои муфидро пешниҳоди ҳамагон намуд. Хусусан, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешниҳоди ҳифзи пиряхҳо дар нишасти СММ беназир шуморида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбари ташаббусҳои глобалӣ арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми нишаст миёни коршиноси байналмилалӣ ва иштирокчиён тавассути саволу ҷавоб мусоҳиба сурат гирифта, тавсияҳо ва муҳокимарониҳои судманд пешниҳод гардид.

Конвенсияи Рамсар оид ба ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ яке аз аввалин ва муҳимтарин созишномаҳои байнидавлатии экологӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки қароргоҳи котиботи он дар шаҳри Гланди Швейсария дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҷойгир аст ва зиёда аз 170 кишвари дунё аъзои он мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои аҳамияти бузурги экосистемаҳои нодири обиву ботлоқӣ, махсусан паррандаҳои кӯчӣ аз соли 2001 расман ба Конвенсияи Рамсар пайвастаст гардидааст. Дар Тоҷикистон 5 макон ба рӯйхати ботлоқзорҳои аҳамияти байналмилалӣ доштаи Рамсар дохил карда шудаанд: Қарақул (2001), Шуркӯл ва Рангкӯл (2001), Зоркӯл (2001), Дарёи Панҷ – минтақаи Тӯқайзорҳо (2001) ва Обанбори Қайроққум (2011).

Comments are closed.