28 майи соли 2026 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Саттор Котиби генералии Конвенсияи Рамсар доктор Мусонда Мумбаро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, аз диққати пайвастаи Конвенсияи Рамсар ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, захираҳои об, экосистемаҳои осебпазир ва рушди устувор изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро пайваста густариш медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самтҳои ҳифзи экосистемаҳои обӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва устувор, тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, рушди иқтисоди “сабз” ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ, роҳандозии курсҳои таълимӣ ва барномаҳои омӯзишӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор, инчунин омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи сайёҳии экологӣ ва идоракунии муҳити зист муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба баргузор намудани форумҳо, конференсияҳои байналмилалӣ, мактабҳои тобистона ва тренингҳои муштарак бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар самтҳои ҳифзи ботлоқзорҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи технологияҳои муосир дар мониторинги муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот диққати махсус ба таҳкими иқтидори илмии ҷавонон, ҷалби донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба лоиҳаҳои байналмилалии экологӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва сохторҳои байналмилалии экологӣ зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва таҳсилоти байналмилалӣ иброз намуданд.




















