ШАХСИЯТИ БАРҶАСТАИ СУЛҲОФАР: ДАРСИ КУШОДАИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ СУЛҲИ СММ ДАР ДОНИШГОҲ

​ДУШАНБЕ, 26 майи соли 2026 бо чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки Намояндаи доимии Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид (UPEACE), Сафир Дэвид Фернандес Пуйана дарси кушодаи сатҳи баланд баргузор гардид.

Мавсуф лексияи худро аз таҳлили амиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон оғоз намуда, ба омӯзгорону донишҷӯён паҳлуҳои муҳими мактаби сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дод.

Ҳамзамон дар бораи супоридани ҷоиза – эътирофномаи олии ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

​Сафир Дэвид Фернандес зимни суханронии худ тафсилоти қарори таърихии Донишгоҳи сулҳи СММ-ро, ки бо фармони доктор Франсиско Рохас Аравена ба имзо расидааст, шарҳ дод. Номбурда таъкид дошт, ки ин ҷоизаи беназир аввалин бор аст, ки ба як Роҳбари давлат аз минтақаи Осиёи Марказӣ супорида мешавад ва ин нишонаи эҳтироми амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ӯ зикр намуд, ки СММ таҷрибаи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои шартномаи таърихии нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ва тавсиби «Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ» ҳамчун модели олии эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва Оинномаи СММ барои тамоми ҷаҳон намуна медонад.

​Дар давоми лексия Намояндаи Донишгоҳи сулҳи СММ ташаббусҳои глобалии обу иқлими Роҳбари давлати Тоҷикистон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, қатъномаи Даҳсолаи амал оид кӯҳсор ва ҳифзи пиряхҳо ва пешниҳоди нави «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро ҳамчун пойдевори устувори сулҳи экологӣ ва амнияти сайёра арзёбӣ намуд.

​Барои ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳ ин дарс як сабақи беназири дипломатия ва худогоҳӣ гардид. Иштирокчиёни ҳамоиш имконият пайдо карданд, ки аҳамияти таърихии ҷоизаи супоридашуда ва нақши калидии Пешвои миллатро дар ташаккули низоми нави ҳамкориҳои байналмилалӣ мустақиман аз забони намояндаи расмии донишгоҳи сулҳи СММ бишнаванд ва дарк кунанд.

Comments are closed.