26 майи соли 2026 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Саттор намояндаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Дэвид Фернандесро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба роҳбарияти Донишгоҳи сулҳи СММ барои сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ изҳори сипосу миннатдории амиқ намуд.
Таъкид гардид, ки ин ҷоизаи бонуфуз эътирофи байналмилалии хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар роҳи эҷоди сулҳ, таъмини суботи минтақавӣ ва ташаббусҳои глобалии об ва иқлим мебошад.
Сипас, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, тарғиби фарҳанги сулҳ, рушди устувор, ҳалли низоъҳо ва омодасозии кадрҳои рақобатпазири дорои тафаккури глобалиро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти барномаҳои магистрӣ ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар самтҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, сулҳ ва амният, идоракунии низоъҳо ва сайёҳии устувор баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии табодули академии омӯзгорону магистрантон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Инчунин, баргузор намудани форуму конференсияҳои байналмилалӣ, роҳандозии курсҳои махсуси омӯзишӣ ва тренингҳо дар самти дипломатияи муосир ва рушди устувор ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори илмии ҷавонон, ҷалби коршиносони байналмилалии Донишгоҳи сулҳи СММ ба раванди таълим ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати имзои созишномаи ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мусоидат ба рушди таҳсилоти муосир, илм ва инноватсия дар сатҳи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.
















