Муовинони декани факултети молия

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

 

Давлатзода Эҳсон Давлат
Тел.:(+992) 888 7777-86
E-mail: rehson-95@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Давлатзода Эҳсон Давлат – муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Давлатзода Э.Д. 31-уми декабри соли 1995 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз 1-уми сентябри соли 2002 ба МТМУ №41- ноҳияи Темурмалик ба синфи якум рафта соли 2013 муассисаи мазкурро хатм намудааст.

Солҳои 2013-2018 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст.

Солҳои 2018 – 2019 ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Колеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик. М.С.Осимӣ.

Солҳои 2019 – 2023 ассистенти кафедраи Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ

Соли 2022 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Мукаммалгардонии методҳои ташкиливу иқтисодии баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар Институти иқтисодиёт ва демография ҳимоя кардааст.

 

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

 

Қурбонов Вафо Намозалиевич
Тел.:(+992) 981 06 99 04
E-mail: kvafo1995@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Қурбонов Вафо Намозалиевич – муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Қурбонов В.Н. 01-уми январи соли 1995 дар ноҳияи Ш.Шоҳин вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз 1-уми сентябри соли 2001 ба МТМУ №7- ноҳияи Ш.Шоҳин ба синфи якум рафта соли 2012 муассисаи мазкурро хатм намудааст.

Солҳои 2012-2016 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ихтисоси кори бонкӣ, хатм намудааст.

Солҳои 2016-2018 магистранти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ихтисоси кори бонкӣ, хатм намудааст.

Солҳои 2016 – 2019 мутахассиси шуъбаи коркарди маълумотҳои аввалияи маркази коркарди маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2019 – 2021 муовини сардори шуъбаи кадрҳои Коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ

Солҳои 2021 – 2022 Сардори шуъбаи кадрҳои Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди ДКМТ

Солҳои 2022 – 2023 декани факултети иқтисодиёти саноати куҳии Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди ДКМТ

Солҳои 2023 – 2025 муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи куҳии ба номи С.Юсупова дар назди ДКМТ

Аз феврали соли 2025 то апрели 2025 муовини декан оид ба тарбияи факултети молия ва қарзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Аз моҳи апрел то августи 2025 муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ

Аз моҳи сентябри соли 2025 то инҷониб муовини декан оид ба таълими факултети молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА ТАРБИЯИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

 

Чиллаев Сулаймон Нажмудинович
Тел.:(+992) 919041015
E-mail: ho-ji-1996@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Чиллаев Сулаймон Нажмудинович – муовини декан оид ба тарбияи факултети молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Чиллаев С.Н. 11-уми декабри соли 1975 дар ноҳияи Вахш вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 1993 – 1999 Донишҷуи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2000 – 2001 Мутахассиси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2001 – 2003 Мутахассиси дараҷаи 1-уми шуъбаи коғазҳои қиматноки Раёсати коғазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2003 – 2004 Мутахассиси дараҷаи 1-уми шуъбаи мониторинги инфраструктураи бозори фондии Агентии коғазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2004 – 2005 Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги инфраструктураи бозори фондии Агентии коғазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005 – 2007 Сармутахассиси шуъбаи мониторинги инфраструктураи бозори фондии Агентии коғазҳои қиматнок ва инвеститсияи хориҷии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007 – 2008 Сармутахассиси шуъбаи идоракунии инфраструктураи бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти иҷозатномадиҳии Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008 – 2009 Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи бақайдгирии саҳмиядорони Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2009 – 2011 Сардори шуъбаи бақайдгирии саҳмиядорони Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2011 – 2012 Иҷрокунандаи вазифаи Муовини Директор – сардори шуъбаи танзими барориш ва назорати муомилоти коғазҳои қиматноки Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2012 – 2016 Муовини Директор – сардори шуъбаи танзими барориш ва назорати муомилоти коғазҳои қиматноки Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Солҳои 2017 – 2018 Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авто Лото”

Солҳои 2021 – 2022 Сардори Раёсати истифодабарии оби нушокии деҳоти вилояти Суғд.

Аз 09.2025 то имруз Муовини декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, оид ба корҳои тарбиявӣ.