ТАШРИФИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

29 июли соли 2026 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим аз кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуд.

Зимни боздид Вазири мудофиа бо шароитҳои таълим, заминаи моддию техникии кафедра, раванди омодагии ҳарбӣ дар кафедра, фаъолияти ҳайати омӯзгорону донишҷӯён шинос гардид. Ба меҳмони олиқадр синфхонаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ва дигар имкониятҳои мавҷудаи кафедра муаррифӣ карда шуданд. Ҳангоми суҳбат бо роҳбарияти Донишгоҳ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълими машғулиятҳои ҳарбӣ, таҳкими интизом ва омода намудани ҷавонон ба хизмати содиқона ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳ баҳои мусбат дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии донишҷӯён дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.

Боздиди мазкур барои такмили минбаъдаи фаъолияти кафедраи ҳарбӣ, густариши ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сифати омодагии ҳарбии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Comments are closed.