Декани факултети рушди устувор ва иқтисоди сабз

Декани факултети рушди устувор ва иқтисоди сабз

 

Имомзода Муродалӣ Қурбонмаҳмад
Тел.: (+992) 880-80-13-55
E-mail: imomov_m_88@ mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Имомзода Муродалӣ Қурбонмаҳмад – декани факултети рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Имомзода М.Қ. 2-юми апрели соли 1988 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1995 ба МТМУ № 41-и ноҳияи Хуросон рафта, соли 2006 МТМУ № 8-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Аз соли 2006 ба ихтисоси молия ва қарз собиқ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шуда, онро соли 2011 бо дипломи аъло (сурх) хатм намудааст.

Аз соли 2011 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда, ҳамчун коршиноси сифати таҳсилот дар донишгоҳ шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ рушди бахши давлатии соҳаи хизматрасонӣ, роҳҳои баландбардории самаранокии корхонаҳои давлатӣ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ ва идоракунии воситаҳои қарзи давлатиро дар бар мегиранд.

Моҳи апрели соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи «Такмили механизми иқтисодии рушди бахши давлатии соҳаи хизматрасонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷумъаев Баҳовуддин Маҳмадназарович дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Имомзода Муродалӣ дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи молия ва андозбандии ДСХ (2021-2012), муаллими калон (2012-2020), муовини декан оид ба тарбия (2013-2017), муовини декан оид ба таълим ДССХ (2017-2018), и.в. дотсенти кафедраи молия ва андозбандӣ (2021), сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДБССТ (2022-2023), мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2024-2025) кору фаъолият намудааст.

Ӯ муаллифи 1 китоби дарсӣ (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 монография, 6 васоити таълимӣ, 2 дастури методӣ, 16 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 80 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши хизматрасониҳои давлатӣ, рушди корхонаҳои давлатӣ, таъмини самаранокии воситаҳои қарзи давлатӣ ва рушди муносибатҳои молиявии кишвар мебошад.

Имомзода Муродалӣ ҳоло дар мавзуъи «Такмили механизми иқтисодӣ-молиявии рушди бахши давлатии соҳаи хизматрасонӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: назария, методология ва стратегия» рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.