САҲИФАИ НАВ ДАР САМТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ФОНДИ ОПЕК БА ДОНИШГОҲ

31 августи соли 2026 Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмони олиқадрро ректори Донишгоҳ профессор Убайдулло Асрорзода самимона истиқбол намуда, зимни боздид бо дастовардҳо, имкониятҳои таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир ва самтҳои афзалиятноки рушди муассиса шинос намуд.

Дар доираи ташриф мулоқоти Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа бо роҳбарият ва ҳайати Донишгоҳ баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, дастгирии ташаббусҳои донишгоҳ, рушди инфрасохтори таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, рақамикунонӣ, рушди малакаҳои касбӣ, соҳибкории ҷавонон ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ба ҳайати Фонди ОПЕК як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Донишгоҳ муаррифӣ гардиданд, ки ба таъсиси инфрасохтори муосири таълимӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ташаккули кампуси сабз, дастгирии соҳибкории ҷавонон ва такмили низоми омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ равона шудаанд.

Доктор Абдулҳамид Алхалифа зимни суханронӣ аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, таассуроти худро аз ташриф ба Донишгоҳ баён дошт ва ба аҳаммияти сармоягузорӣ ба маориф, рушди неруи инсонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон таъкид намуд.

Ташрифи Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ба Донишгоҳ ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳо, муаррифии имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва фароҳам овардани замина барои татбиқи ташаббусҳои муштарак арзёбӣ мегардад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар