ТАШРИФИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АНВАР САФАРЗОДА БА ДБССТ ДАР РӮЗИ ДОНИШ

1 сентябри соли 2026 ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026–2027 ва Рӯзи дониш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.

Роҳбарияти Донишгоҳ меҳмони муҳтарамро самимона истиқбол намуда, бо дастовардҳои муассиса дар самтҳои таълиму тарбия, илму инноватсия, рақамикунонӣ, робитаҳои байналмилалӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва таҳкими заминаи моддию техникӣ шинос намуданд.

Дар доираи ташриф Анвар Сафарзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил иштирок намуда, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро ба ин муносибат табрик гуфт.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯстро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян намудааст.

Дар ин замина аз омӯзгорону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида ба омӯзиши амиқи илму дониш, аз худ намудани технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, рушди тафаккури инноватсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар идомаи ташриф Анвар Сафарзода бо шароити таълиму таҳсил, инфрасохтори муосири Донишгоҳ, синфхонаҳо ва марказҳои таълимию илмӣ шинос гардида, ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Таъкид гардид, ки оғози соли нави таҳсил дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф ва ҷавонони кишвар масъулияти бештар мегузорад. Зеро ҷавонони соҳибилму соҳибкасб неруи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз дониш, ҷаҳонбинӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаи онҳо вобастагии амиқ дорад.

Дар фарҷом ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли нави таҳсил дастовардҳои назаррас, муваффақиятҳои илмию эҷодӣ ва дар роҳи омодасозии мутахассисони арзанда барои Ватани маҳбуб комёбиҳои тоза орзу карда шуд.

Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборак!

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар