МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАНД!

Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза устодону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва сохторҳои онро, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавон бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик менамоем.

Бо медали «Хизмати шоиста»:

Қудратов Некруз Абдунабиевич – сардори раёсати илм ва инноватсия;

Аминӣ Алишер Файзуллоҳ – директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо;

Сангинова Рақиба – дотсенти Донишгоҳ;

Раҳимзода Равшан – мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ;

Саидова Мавлуда – дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДБССТ;

Назарзода Холназар – декани факултети гуманитарию педагогӣ.

Бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

Каризода Давлат – муовини директори МТИКССХ ДБССТ оид ба таълим;

Насриддинов Саид – омӯзгори фанни математикаи Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе.

Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Қозизода Гулназар – директори Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе;

Бурҳонова Бибиҷон Набишоевна – намояндаи Литсейи назди ДБССТ.

Қадрдонии Шумо бо мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи арҷгузорӣ ба меҳнати содиқона, фаъолияти созанда ва саҳми арзандаатон дар рушди илму маориф ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб мебошад.

Ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ дастоварду комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.

Бигзор ин қадрдонии баланд барои фатҳи қуллаҳои нави касбиву эҷодӣ ва хизматҳои боз ҳам шоиста ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол илҳомбахш бошад!

Мукофотҳои давлатӣ ва қадрдонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ва фархунда бод!

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар