Дар ҳошияи Форуми байналмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ва шарикони рушд – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлалии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидани як қатор чорабиниҳои канорӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ аз намуди обӣ ва роҳнавардии масофавӣ бо иштироки намояндагон аз кишварҳои мухталифи олам дар дарёи Варзоб баргузор гардид. Ин чемпионат мусобиқаи байналмилалиест, ки дар он варзишгарон ва дастаҳои кишварҳои гуногун маҳорати худро дар саёҳат ва ҳаракат дар об, гузаштан аз монеаҳои табиӣ, идора кардани қаиқ ва рафъи мушкилоти масирҳои обиро нишон медиҳанд.
Варзиши сайёҳии обӣ яке аз самтҳои варзиши сайёҳӣ буда, ба фаъолияти ҷисмонӣ, омодагии техникӣ, донишҳои сайёҳӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ такя мекунад. Дар ин навъи варзиш иштирокчиён метавонанд дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо машқ ва мусобиқа кунанд. Вобаста ба низомномаи мусобиқа, аз қаиқҳои сайёҳӣ, байдарка, катамаран ё дигар воситаҳои шиноварӣ истифода бурдан мумкин аст. Варзишгарон бояд масирро дуруст интихоб кунанд, монеаҳоро бехатар паси сар намоянд, таҷҳизотро моҳирона истифода баранд ва дар шароити душвор ҳамоҳанг амал кунанд.
Варзиши сайёҳии обӣ якчанд самт дорад – сайёҳӣ бо байдарка, сайёҳӣ бо каноэ, рафтинг ва гузаштани масирҳои мураккаби обӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди сайёҳии обӣ имкониятҳои хуби табиӣ дорад. Кишвар дорои дарёҳои кӯҳӣ, кӯлҳо ва манзараҳои зебои табиӣ мебошад. Аз ҷумла, минтақаҳои кӯҳии кишвар барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳии варзишӣ муносиб дониста мешавад.
Аксу наворҳо аз ҷараёни баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ аз намуди обӣ ва ва роҳнавардии масофавӣ дар дарёи Варзоб ва «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт.





































