Факултети молия

 Маълумоти мухтасар дар бораи факултети молия

Факултети молия ва қарз дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори идоракунии донишкада” аз 1 майи соли 2020 протоколи № 15/1таъсис дода шудааст.

Раванди таълим дар факултети мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори факултети молия ду кафедраҳои тахассусӣ, аз ҷумла кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ, кафедраи молия амал менамояд.

Факултети молия мутахассисонро дар зинаи бакалавр дар шӯъбаи рӯзона тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ дар сатҳи баланд омода намуда, барои идомаи таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар менамояд.

ИХТИСОСҲОИ АМАЛКУНАНДАИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ:

  1. 1-25010400 – молия ва қарз (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)
  2. 1- 25010403 – андоз ва андозбандӣ (тоҷикӣ, русӣ)
  3. 1- 25010409 – молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
  4. 1- 25010410 – менеҷменти молиявӣ
  5. 1-31030503 – иқтисодиёти молиявӣ