БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИЛМИЮ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “БАДАХШОН: АЗ ДАРВОЗАИ ТИЛЛОӢ ТО БОМИ ҶАҲОН” ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ» (ДБССТ РӮЗҲОИ 13-18 ОКТЯБРИ СОЛИ 2026) АЗ МАВЗЕИ ТАЪРИХИЮ САЙЁҲИИ “ЗЕВС”-И НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Яке аз бахшҳои муҳимми Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ “Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон” дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзҳои 13-18 октябри соли 2026 баргузор гардида истодааст, шиносоии бевоситаи иштирокчиён бо имкониятҳои сайёҳӣ, таърихию фарҳангӣ ва табиии ноҳияи Дарвоз мебошад. Муаррифии захираҳои минтақа дар муҳити воқеӣ имкон медиҳад, ки иштирокчиён на танҳо бо мавзеъҳои сайёҳӣ шинос шаванд, балки масъалаҳои дастрасӣ, ҳифзи мерос, истифодаи технологияҳои муосир ва имкониятҳои рушди минбаъдаи иншооти сайёҳиро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд.

Дар идомаи барномаи Экспедитсияи, боздиди иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва паркҳои технологии ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла мавзеъҳои сайёҳии “Чорчаман”, “Зевс” ва “Парки технологии инноватсионӣ” сурат гирифт. Ин боздидҳо ба шиносоии бевоситаи меҳмонон бо имкониятҳои сайёҳӣ ва ташаббусҳои технологӣ дар минтақа равона гардидаанд. Ҳамоҳангсозии боздидҳои сайёҳӣ бо муаррифии технологияҳои инноватсионӣ имкон медиҳад, ки робитаи байни захираҳои табиӣ, мероси фарҳангӣ ва иқтидори технологӣ ҳамчун яке аз омилҳои рушди устувори минтақа баррасӣ шавад.

Дар шароити муосир рушди сайёҳии устувор муносибати маҷмуӣ ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, нигоҳдории мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ барои аҳолии маҳаллиро талаб менамояд. Аз ин нуқтаи назар, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонад ба такмили низоми иттилоотии сайёҳӣ, дастрасии бештари сайёҳон ба маълумоти дақиқ, таҳияи хатсайрҳои муосир ва муаррифии фарогири имкониятҳои минтақа мусоидат кунад. Ҳамзамон, истифодаи ин технологияҳо зарурати ҳифзи маълумот, таъмини саҳеҳии иттилоот ва ба назар гирифтани хусусиятҳои фарҳангӣ ва экологии мавзеъҳоро ба миён мегузорад. Барои минтақаҳои кӯҳистонӣ, ки дорои манзараҳои нодири табиӣ, мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ мебошанд, чунин равиш аҳаммияти махсус дорад. Пайвастани донишҳои илмӣ, технологияҳои муосир ва таҷрибаи маҳаллӣ метавонад барои муайян намудани роҳҳои нави истифодаи иқтидори сайёҳӣ ва тақвияти рақобатпазирии минтақа мусоидат намояд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар