16 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» маросими ҷоизасупории ғолибони Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён баргузор гардид.
Олимпиада бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз рӯйи шаш фан – назарияи иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, асосҳои дипломатия, забони англисӣ, сайёҳии байналмилалӣ ва барномасозӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, таҳкими рақобати солими илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии академӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстонаи ҷавонони кишварҳои гуногун мебошад.
Дар маросими ҷамъбастӣ натиҷаҳои Олимпиада эълон гардида, ғолибону иштирокчиёни фаъол барои нишон додани сатҳи баланди дониш, малакаҳои касбӣ ва қобилиятҳои зеҳнӣ бо ҷоизаҳо ва дипломҳо қадрдонӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар рушди неруи зеҳнии ҷавонон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, табодули таҷрибаи илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун нақши муҳим дорад.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ ва дӯстона баргузор гардида, ба иштирокчиён барои дастовардҳои илмӣ ва иштироки фаъолонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд.
Баргузории Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён дар доираи Форум бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба рушди илм, инноватсия, байналмилаликунонии таҳсилот ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.















































