ТАШРИФИ МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ QAA БА ДОНИШГОҲ

17 марти соли 2026 мушовири байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии касбӣ (QAA) дар Британияи Кабир Крис Макинтайр ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни ташриф ба Донишгоҳ муҳтарам Крис Макинтайр бо ректори муассиса, профессор Убайдулло Саттор мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳадафи вохӯрӣ омӯзиш ва таҳлили низоми бахши таҳсилоти олӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба ҳаммкорӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) аз бонуфузтарин агентҳои таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва аккредитатсионии Британияи Кабир маҳсуб ёфта, дар арсаи байналмилалӣ нуфузи баланд дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки 3 ноябри соли 2025 дар доираи сафар ба Британияи Кабир ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Асрорзода, бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ дар Британияи Кабир вохӯрӣ доир намуда буд.

Дар доираи мулоқот масоили ҳамкорӣ бо агентиҳои аккредитатсионӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот ва аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионалӣ гузаштан баррасӣ гардида буданд.

Айни замон, раёсати муассиса ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани Донишгоҳ ба Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) дархост пешниҳод намуд.

Бояд иброз намуд, ки зимни мулоқот дар баробари баррасии масоили омӯзиш ва таҳлили низоми бахши таҳсилоти олӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, бо мушовири байналмилалии ташкилоти зикршуда марҳилаҳои минбаъдаи аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионалӣ гузаштани донишгоҳ муҳокима гардиданд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар