ТАҚВИЯТИ МУОШИРАТИ БАЙНИФАРҲАНГӢ: МАСТЕР-КЛАССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ЛЕВАКАНТ

17 апрели соли 2026 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мастер-класси байналмилалӣ таҳти унвони «Муоширати байнифарҳангӣ дар идоракунии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ назди донишгоҳ ташкил шуда, ҳадафи он тақвияти донишҳои назариявию амалии мутахассисон дар самти муоширати байнифарҳангӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ буд.

Дар раванди мастер-класс олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла ходими илмии Маркази таҳқиқотии ViAZI-и Донишгоҳи Видземеи Латвия Янис Бикше, доктори илмҳои иқтисодӣ Агита Ливина ва намояндаи Донишгоҳи Крнатакаи Ҳиндустон Маҳендр Радди бо маърӯзаҳои илмӣ ва пешниҳоди таҷрибаҳои пешқадам баромад намуданд. Баромадҳои онҳо ба масъалаҳои муҳимми рушди коммуникатсияи байнифарҳангӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва мутобиқсозии стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ бахшида шуданд.

Дар мастер-класс зиёда аз 40 нафар кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ фаъолона иштирок намуда, донишу малакаҳои худро такмил доданд. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо таҷрибаи кишварҳои пешрафта шинос шуда, мубодилаи афкор намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни мастер-класси байналмилалӣ сертификатҳои намунавии Марказ тақдим гардид.

Comments are closed.