22 майи соли 2026 роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба хотираи фарзандони барӯманди миллат эҳтиром ба ҷо оварданд.
Зимни ин иқдоми маънавию ватандӯстона иштирокдорон аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таърихи миллӣ Нисор Муҳаммад боздид намуда, бо гузоштани гулчанбар хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои таърихӣ ва фарзандони фидоии миллат яке аз унсурҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан ҷавонон, нақши муҳим дорад.
Қайд карда шуд, ки маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан оварда шуда, номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи озодӣ, истиқлол ва давлатдории миллӣ бо эҳтироми хоса пос дошта мешавад.
Ҳамчунин дар ҷараёни маросим хотираи дигар намояндагони барҷастаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ гиромӣ дошта шуда, ба арзишҳои таърихиву миллӣ арҷ гузошта шуд.


















