МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД, МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ

25 майи соли 2026 ректори Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид профессор Тшилидзи Марвала мулоқоти судманд ва сатҳи баланд баргузор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди “сабз”, дипломатияи об, тағйирёбии иқлим ва омодасозии кадрҳои рақобатпазирро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷумла, масъалаҳои таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули академии омӯзгорону магистрантон, татбиқи таҳқиқоти муштараки илмӣ, баргузор намудани форуму конференсияҳои байналмилалӣ, инчунин роҳандозии курсҳои омӯзишӣ ва барномаҳои такмили ихтисос дар самтҳои рушди устувор, идоракунии захираҳои об, зеҳни сунъӣ ва соҳибкории инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳкими иқтидори илмии ҷавонон, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ба раванди таълим, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ бо ҷалби сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои фаъол дар самти байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад ҳамкориҳоро бо сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Донишгоҳи СММ дар сатҳи нав ба роҳ монад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дарозмуддат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мусоидат ба рушди таҳсилоти муосир, илм ва инноватсия дар сатҳи байналмилалӣ иброз намуданд.

Comments are closed.