БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛӢ

Барномаи таҳсилотӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия карда мешавад.

Барномаи таҳсилоти аз рӯи самт ва равияи амалӣ карда мешавад. Намуди мушаххаси фаъолияти касбӣ, ки ба он бакалавр омода карда мешавад, аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  якҷоя бо иштирокчиёни ваколатдори ҷараёни таълимӣ муайян карда мешавад.

Барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ қисми ҷудонашавандаи барномаи таҳсилотӣ ба ҳисоб меравад, ки тавсифи мухтасари фан, намуди машғулиятҳо, забони таълим, салоҳиятҳое, ки бояд дар донишҷӯ зимни азхуднамоии фанни гуногун дар соҳаи мақомоти гумрук ташаккул ёбанд, натиҷаҳои таълиме, ки аз тадриси фанҳо ба даст меоянд, номгӯи боб ва мавзӯъҳои фан, васоити таълимӣ ва таъминоти техникии фан ва шаклҳои назорати ҷорӣ ва ниҳоиро дар бар  мегирад. Талаботи ҳадди ақал ба шарҳи мухтасари барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ дар онҳо дарҷ мегардад. Мазмуну мундариҷаи пурраи барномаҳои таълимии фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар китобхонаи электронии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст.

1-96010100(word)          1-96010100(exsel)

1-96010101(word)          1-96010101(exsel)

1-96010102(word)          1-96010102(exsel)